1ДАР Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,2Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад:3Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.4Онҳо исроилиёнанд; фарзандхокдагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;5Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.6Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,7Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки "насли ту аз Р1сҳоқ хонда хоҳад шуд".8Яъне на ҳачаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.9Зеро ки каломи ваъда чунин аст: "Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, Еа Сороро писаре хоҳад шуд".10Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вакте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.11Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё" баде накарда буданд, - барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, -12Ба вай гуфта шуд: "Калонй ба хурдй хизмат кунад",13Чунон ки навишта шудааст: "Яъқубро Ман дӯст доштам, аммо Эсовро бад дидам".14Пас чй гӯем? Магар назди Худо беинсофй ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.15Зеро ки Ӯ ба Мусо мегӯяд: "Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам".16Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.17Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегӯяд: "Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад".18Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро ҳоҳад, сангдил мегардонад.19Ту ба ман ҳоҳӣ гуфт: "Пас чаро Ӯ боз мазаммат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ӯ муқобилат карда тавонад?"20Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: "Чаро маро чунин соҳтӣ?"21Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олй ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад?22Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад,23То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакй онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.24Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,25Чунон ки дар Хушаъ низ мегӯяд: Юнҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд;26«Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: "Шумо қавми Ман нестед", онҳо фарзандони Худои Ҳан номида хоҳанд шуд».27Ва Ишаъе дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: "Агар шумораи банӣИсроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;28"Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад".29Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: "Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем". Гуноҳи Исроил: ваӣ мшъизаро дар бораи сафед шудан бо имон мункир шуд.30Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст;31Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба щаоиати адолат нарасид.32Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд,33Чунон ки навишта шудааст: "Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кй ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд".