Tajik

Romans

8

1ПАС, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,2Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст.3Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,4То ки аҳкоми одилонаи шариат дар мо, ки на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунем, ба амал ояд.5Зеро онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагй мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагй мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд.6Фикрҳои ҷисмонй мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ - ҳаёт ва сулҳу осоиштагй,7Чунки фикрҳои ҷисмонй душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.8Бинобар ин онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо тшсанд афтода наметавонанд.9Лекин шумо на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунед, агар ҳақиқатан Рӯҳи Худо дар шумо сокин бошад. Аммо агар касе дорои Рӯҳи Масеҳ набошад, вай аз они Ӯ нест.10Ва агар Масеҳ дар шумо бошад, ҷисм ба воситаи гуноҳ мурда аст, вале рӯҳ ба воситаи адолат зинда аст.11Ва агар Рӯҳи Он ки Исоро аз мурдагон эҳьё кард, дар шумо сокин бошад, Он ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо Рӯҳи Худ, ки дар шумо сокин аст, зинда хоҳад кард.12Пас, эй бародарон, мо ӯхдадори ҷисм нестем, ки ба ҳасби ҷием зиндагй кунем;13Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушед, зинда хоҳед монд.14Зеро ҳамаи онҳое ки роҳнамояшон Рӯҳи Худост, фарзандони Худо ҳастанд;15Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: "Эй Або, эй Падар!"16Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.17Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу укубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.18Зеро, ба ақидаи ман, азобу укубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.19Зеро ки махлукрт бо умед ба зуҳури фарзандони Худо мунтазир аст,20Чунки махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи ҳуд мутеи оворагӣ шудааст, ба умеди он ки21Худи махлуқот ҳам аз бандагии фано халосй ёфта, ба озодии ҷалоли фарзандони Худо шарик хоҳад шуд.22Зеро медонем, ки тамоми махлуқот бо якҷоягй то алҳол оҳу нола мекунад ва азоб мекашад;23Ва на фақат он, балки худи мо низ, ки соҳиби навбари Рӯҳ ҳастем, дарунакӣ оху ноламекунем ва мунтазири фарзандхондагӣ ва кафорати ҷисми худ мебошем.24Зеро ки бо умед наҷот ёфтаем. Аммо умед, вакте ки онро мебинанд, дигар умед нест; зеро ки кас агар чизеро бинад, чаро боз дар умеди он бошад?25Аммо агар мо дар умеди чизе бошем, ки онро намебинем, бо сабр мунтазираш мешавем.26Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ ҳусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст.27Таҳқиқкунандаи дилҳо аз андешаи Рӯҳ огоҳ аст, чунки Ӯ барои муқаддасон мувофики хости Худо шафоат мекунад.28Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;29Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шиноҳтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;30Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.31Пас мо ба ин чй гӯем? Агар Худо тарафгири мо бошад, зидди мо кист?32Он Худое ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?33Кӣ баргузидагони Худоро айбдор мекунад? Оё Худое ки сафедкунанда аст?34Кй маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?35Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалоқат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагй, ё хатар, ё шамшер?36Чунон ки навишта шудааст: "Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем".37Аммо бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем.38Зеро ман мӯътақидам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда,39На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.