1ВА мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем ва толиби роҳати худ набошем:2Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст.3Зеро ки Масеҳ низ толиби роҳати Худ набуд, балки, чунон ки навишта шудааст: "Бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар Ман афтодааст".4Зеро ҳар он чи иештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллй пайдо карда, умедвор бошем.5Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед,6То ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.7Пас, якдигарро қабул кунед, чунон ки Масеҳ низ шуморо барои ҷалоли Худо қабул кардааст.8Зеро ман мегӯям, ки Исои Масеҳ, ба хотири ростии Худо, барои махтунон хизматгузор шуд, то ки ваъдаҳои ба падарон додашударо ба иҷро расонад,9Ва барои он ки халқҳо Худоро ба ҳотири марҳамати Ӯ ҳамду сано гӯянд, чунон ки навишта шудааст: "Бинобар ин Туро дар миёни халқҳо ҳамду сано хоҳам гуфт ва исми Туро тараннум хоҳам кард".10Ва боз гуфта шудааст: "Эй халқҳо, бо қавми Ӯ хушнӯд шавед".11Ва боз: "Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ситоиш кунед ва, эй ҳамаи қавмҳо, Ӯро ҳамду сано гӯед".12Ишаъё низ мегуяд: "Решаи Йисой хоҳад омад, ва Ӯ барои мутеъ кардани халқҳо хоҳад бархост; халқҳо ба Ӯ умед хоҳанд баст".13Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулкудс умедатон афзун гардад.14Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебощед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.15Лекин ман каме ҷуръат намуда, ба шумо баъзе чизҳоро гуё ки хотиррасон кардам, мувофиқи файзе ки Худо ба ман ато фармудааст,16Барои он ки дар ми&ни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.17Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;18Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,19Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам,20Дар айни ҳол ман саъю кӯшищ намудаам на дар он ҷойҳое ки исми Масеҳ машҳур аст, башорат бидиҳам, то ки бар таҳурсии дигарон бино накунам,21Балки, чунон ки навишта шудааст: "Онҳое ки хабари Ӯро наёфтаанд, хоҳанд дид, ва онҳое ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид".22Ҳамин чиз буд, ки дафъаи бисьер ба омадани ман назди шумо монеъ шуд.23Лекин алҳол, ки маро дар ин кишварҳо дигар коре нест, ва чандин сол боз орзумандам, ки назди шумо биёям,24Ҳамин ки ба сафари Испония биравам, назди шумо хоҳам омад. Зеро умедворам, ки ҳангоми гузашта рафтанам бо шумо мулоқот кунам, ва шумо маро, баъд аз он ки аз дидоратон андаке сер шавам, ба он ҷо гусел намоед.25Аммо ҳоло ман ба Ерусалим меравам, то ки ба муқаддасон хизмат кунам;26Зеро ки аҳли Мақдуния ва Оҳоия салоҳ донистанд, ки хайроте барои камбағалони муқаддасони Ерусалим фиристанд.27Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонй шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатй низ хизмат кунанд.28Пас, ин корро анҷом дода ва ин маблағро ба дасти онҳо супурда, ман бо роҳи кишвари шумо ба Испония хоҳам рафт,29Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.30Пас, эй бародарон, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ ва ба хотири муҳаббати Рӯҳ аз шумо илтимос дорам, ки ҳамроҳи ман дар дуоҳои худ барои ман назди Худо ҷидду ҷаҳд намоед,31То ки аз беимонони Яҳудо раҳо шавам, ва хизмати ман дар Ерусалим мақбули муқаддасон афтад,32Ва ман, бо хости Худо, бо шодмонӣ назди шумо биеям ва бо шумо ором ёбам.33Ва Худои сулҳу осоиштагй бо ҳамаи шумоён бод. Омин.