Tajik

Romans

16

1ХОҲАРИ мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфй менамоям,2То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мададгор буд.3Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гӯед;4Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.5Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.6Ба Марьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гӯед.7Ба хешони ман Андроникӯс ва Юниес, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.8Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гӯед.9Ба Ӯрбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гӯед.10Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гӯед.11Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон доранд, салом гӯед.12Ба Труфино ва Трифосо, ки дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гӯед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гӯед.13Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед.14Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед.15Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ӯлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед.16Ба якдигар бо бӯсаи муқаддасона салом гӯед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.17Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён чудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;18Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.19Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ ҳирадманд ва дар бадӣ соддадил бошсд.20Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!21Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд.22Ман - Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям.23Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегӯянд.24Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.