1БИНОБАР ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошй ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, худатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунй.2Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст.3Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?4Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиной мекунӣ, беҳабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?5Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонй,6Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:7Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;8Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.9Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!10Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яқудӣ ва ҳам ба юнонӣ!11Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.12Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, -13Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;14Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳои шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд:15Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, -16Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.17Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунй, ва аз шинохтани Худо меболӣ.18Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,19Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,20Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастй, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ, -21Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, ҳудатро таълим намедиҳӣ?22Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки "зинокорӣ накун", вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунй!23Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонй!24Зеро ки ба туфаӣли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни ҳалқҳо исми Худоро ҳор медоранд.25Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунй; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд.26Пас, агар номахгуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?27Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва ҳатна ҳастию шариатро вайрон мекунй?28Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳирй чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,29Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.