1ПАС, яҳудй чӣ бартарй дорад, ё ки хатна чй фоида дорад?2Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.3Зеро ки чй гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?4Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳак, аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст: "То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ".5Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳапгоме ки ба ғазабмеояд, бендолат аст? - Инро ман ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям.6Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?7Зеро ки агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?8Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегу'фта бошем: "Биёед, бадӣ кунем, то ки некй ҳосил шавад"? Маҳкумияти чунин касон ҳақконист.9Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,10Чунон ки навишта шудааст: "Касе одил нест, як нафар ҳам нест;11"Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;12"Хама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.13"Гулӯяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;14"Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст.15"Пойҳошон барои хунрезй шитобон аст;16"Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;17"Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.18"Дар пеши чашмашон тарси Худо нест".19Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,20Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад пгуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.21Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, -22Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳа.маи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,23Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд24Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,25Ки Ӯро Худо нешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои ншнон додани адолати Ӯдар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд,26Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо илюн меоварад, сафед кунад.27Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон.28Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.29Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳ&м нест? Албатта, Худои халққо ҳам мебошад;30Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи илюн ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.31Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботшг мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.