Tajik

Romans

4

1ПАС, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?2Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ӯ шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо.3Зеро ки дар Навиштаҳо чй гуфта шудааст? "Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд".4Барои касе ки амал мекунад, муздаш на аз рӯи эҳсон, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;5Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.6Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба ваи адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад:7"Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст;8"Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намео варад".9Оё ин хушбахтй ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд.10Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.11Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтунии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,12Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ мекунанд.13Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.14Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил;15Чунки шариат сабаби ғазаб мещавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест.16Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ӯ низ таъмин шавад, ки ӯ падари ҳамаи мост,17Чунон ки навишта шудааст: "Ман туро падари халқҳои бисьёр гарцоидач", - дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад.18Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: "Насли ту чунин хоҳад буд".19Ва имонаш суст наигуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ӯ, дар синни қариб садсолагй, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст;20Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,21Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.22Аз ҳамин сабаб барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.23Аммо на фақат нисбат ба ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисоб карда шуд,24Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард,25Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳье гардид.