Tajik

Romans

5

1ПАС, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,2Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.3Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад,4Ва сабр - ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагй - умедро,5Ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато нгуд, ҷорй шудааст.6Зеро ки Масеҳ, хднгоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вакти муқарраршуда барои осиён мурд.7Зеро гумон намеравад, ки касе барои одиле бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад.8Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд.9Пас, алалхусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.10Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, - пас, алалҳусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;11Ва на фақат ин, балки низ бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ меболем, ки ба василаи Ӯ алҳол мусолиҳа ба даст овардаем.12Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.13Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, Лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад.14Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ тимсоли Шахси оянда аст.15Лекин бахшоиши файз наончунон аст, кигуноҳбошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад.16Ва бахшоиш на ончунон аст, ки ба воситаи як гуноҳкор бошад; зеро ки доварӣ пас аз як гуноҳ сабаби маҳкумият мешавад, лекин бахшоиши файз пас аз гуноҳҳои бисьёр сафед мекунад.17Зеро ки агар бо гуноҳи як кас мамот ба воситаи ҳамин як кас ҳукмрон шуда бошад, - пас, алалхусус онҳое ки файзи фаровон ва бахшоищи адолатро қабул мекунанд, дар ҳаёт ба воситаи Исои Масеҳи ягона ҳумкрон хоҳанд шуд.18Бинобар ин, чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати як кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд.19Зеро, чунон ки ба воситаи беитоатии як кас бисьёр касон гуноҳкор шуданд, ончунон ба воситаи итоати як кас бисьёр касон одил мешаванд.20Аммо шариат баъд ба майдон омад, то ки гуноҳ зиёд шавад; ва ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид,21То ки, чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот хукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ ҳукмрон шавад.