Tajik

Romans

6

1ПАС чӣ гӯем? Оё дар гуноҳ бимонем, то ки файз зиёд шавад? Ба ҳеҷ ваҷҳ.2Мо, ки нисбат ба гуноҳ мурдаем, чӣ гуна метавонем дар он боз зиндагӣ кунем?3Оё намедонед, ки ҳамаи мо, ки дар Исои Масеҳ таъмид ёфтаем, дар мамоти Ӯ таъмид ёфтаем?4Пас мо, дар мамоташ таъмид ёфта, бо Ӯ дафн шудаем, то ки, чунон ки Масеҳ бо ҷалоли Падар аз мурдагон эҳье шуд, ончунон мо низ дар ҳаёти нав қадамгузор шавем.5Зеро ки агар мо дар мисоли мамоти Ӯ бо Ӯ пайванд шуда бошем, дар мисоли эҳьёи Ӯ низ пайванд хоҳем буд.6Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо Дигар бандагони гуноҳ набощем;7Чунки мурда аз гуноҳ фориғ аст.8Агар мо бо Масеҳ мурда бошем, боварӣ дорем, ки бо Ӯ низ хоҳем зист.9Зеро медонем, ки чун Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуд, дигар намемирад: мамот дигар бар Ӯ қудрат надорад,10Зеро, ин ки Ӯ мурд, як бор барои ҳамеша нисбат ба гуноҳ мурд, аммо ин ки зинда аст, барои Худо зинда аст.11Ҳамин тавр шумо низ худро барои гуноҳ кардан мурда, аммо барои Худо дар Худованди мо Исои Масеҳ зинда ҳисоб кунед.12Пас, бигзор гуноҳ дар ҷисми мирандаи шумо ҳукмрон нашавад, то ки ба ҳавасҳои он итоат намоед;13Ва андоми худро ба гуноҳ насупоред, то ки олати шарорат шавад, балки худро, ҳамчун касони аз мурдагон зиндашуда, ба Худо таслим кунед ва андоми худро дар иҳтиёри Худо вогузор намоед, то ки олати адолат бошад,14Зеро ки гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳумкронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед.15Пас чӣ кунем? Оё гуноҳ кардан гирем ба он сабаб ки тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастем? Ба ҳеҷ ваҷҳ.16Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳ гуноҳе барои мамот бошад, хоҳ итоате барои адолат?17Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.18Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед.19Ба хотири сустии ҷисматон, ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям: чунон ки шумо андоми худро ба бандагии нопокӣ ва шарорат таслим карда, ба шарорат афтода будед, ончунон ҳоло андоми худро ба бандагии адолат барои қудсият вогузор намоед.20Зеро вақте ки шумо бандагони гуноҳ будед, аз адолат фориғ будед.21Пас он вақт чй самаре доштед? Корҳое мекардед, ки ҳоло аз онҳо шарм доред, чунки анҷоми онҳо мамот аст.22Лекин ҳоло, ки аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони Худо гардидаед, самари шумо қудсият аст, ва анҷоми кор ҳаёти ҷовидонист.23Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ.